in the future - u will be able to do some more stuff here,,,!! like pat catgirl- i mean um yeah... for now u can only see others's posts :c
Рамазон беҳтарин вақт барои беҳтарин чизҳост! Пас барои корҳои нек ва барои омурзиш ва раҳмати Парвардигорат саъй кун! Вақтро зоеъ макун, балки онро ба ибодат, зикри Аллоҳ, хондану омўхтани китоби Аллоҳ (Қуръони Карим) сарф кун. Ва инчунин бо дуо, ру овардан ба сӯи Аллоҳи бузургро фаромӯш накунед. На танҳо барои худам, балки барои тамоми уммати мо, барои ҳар як мусалмон.
Мусулмонони азиз, аз шумо хоҳиш менамоем, ки ин моҳро ба як моҳи наздикшавии изофӣ ба Аллоҳ, моҳи ибодат, рӯзадорӣ, закот ва ҳамчунин моҳи омӯзиш ва густариши дини бузурги мо гардонед.
Бародарони Азиз! Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям ки даст бар дуъо бардошта дар ҳаққи мусалмононӣ Фаластин дуъо кунем! Ё Аллоҳ ин бародарони Фаластиниамонро аз ин зулми золимон наҷот дода ва ҳаммаи мо мусалмононро бузурги ва азизии пешинаамонро ба дубора насиб гардон! Амин!
9 - 0
“Мо қавме ҳастем ки Аллоҳ моро бо Ислом азиз гардонид ҳар вақте, ки азизиро дар ғайр аз Ислом биҷӯем Аллоҳ моро хор хоҳад кард”
Ассалому алейкум вараҳматуллоҳи вабаракатуҳ, бинандагони гиромӣ!!!
Дар асоси сухани ҳазрати Умар ибн Хаттоб, ки мефармоянд,
“Мо қавме ҳастем ки Аллоҳ моро бо Ислом азиз гардонид ҳар вақте, ки азизиро дар ғайр аз Ислом биҷӯем Аллоҳ моро хор хоҳад кард”! - ин шабакаро таъсис додем ва ҳаракат мекунем, ки шумо аз “Фикрҳои Исломӣ” бохабар шуда ва ин фикрҳоро дар худ муҷассам намуда бо Ислом зиндаги кунед!!! "АЗИЗИ ТАНҲО ДАР ИСЛОМ АСТ"
Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба ин шабака ОБУНА (подписаться) шуда ва ба дустонатон паҳн намоед то ки шумо ҳам аз кори хайр (савоб) ғофил намонед!!! Аллоҳ аз ҳамаи мову шумо рози шавад!