Channel Avatar

@UCCDxaH6RuXRhces7uK6NLFQ@youtube.com

9.7K subscribers - no pronouns :c

ЗОДАИ КӮҲ Зодаи кӯҳ, вале ман дили нарме дорам, Ҳамчу боро


Welcoem to posts!!

in the future - u will be able to do some more stuff here,,,!! like pat catgirl- i mean um yeah... for now u can only see others's posts :c


Posted 1 day ago

ДАР ЗОДРӮЗИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

0 - 0


Posted 1 year ago

"Барои огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодони хеш “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ чоп ва ба тамоми мардуми кишвар дастрас карда шавад."

Пас аз ин суханҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гумонам рӯҳи Абулқосим Фирдавсӣ ба сухан омад.

РӮҲИ ФИРДАВСӢ

Эй кошки вассофи ҷаҳонат будам,
Хуршеди сухан дар осмонат будам.

"Шаҳнома"-и хеш бар ту мебахшидам,
Ё кошки Шоҳномахонат будам.

Пушту панаҳам ту кошкӣ мебудӣ,
Ман низ ба шеър посбонат будам.

Аз он, ки ситампеша хазонрезам кард,
Эй кошки боғи бехазонат будам.

Маҳмуд ба қадри ганҷи назмам нарасид,
Эй кошки фарзанди замонат будам.

Кӯҳзод Фатҳулло

06.12. 2023

2 - 1


Posted 1 year ago

ХУШХАБАР АЗ ДОМАНИ КӮҲИ БАЛАНД

Дуруд, азизони дил!


Китоби камина таҳти унвони

"АЗ ДОМАНИ КӮҲИ БАЛАНД"

бо пешгуфтори Шоири халқии Тоҷикистон устод Рустам ВАҲҲОБЗОДА дар ҳаҷми 296 саҳифа бо сифати баланд аз чоп баромад.

Муҳаррири китоб шоири тавоно Давлати РАҲМОНИЁН

Агар хоҳиши ба даст овардани китобро дошта бошед бо воситаи ВОТСАПУ ТЕЛЕГРАММ 938 20 05 82 инчунин месенҷер маълумот гирифта метавонед.

Кӯшиш мекунем дар ҳар гӯшаю канори Тоҷикистони азиз ё берун аз он бошед ҳам маҷмӯаро дастрасатон намоем.

Рақамҳои Dushanbe city
988 20 05 82

ХОНАНДА КУ?

Нашр кардам ман китобамро, вале хонанда ку,
Содашеъри беҳисобамро, вале хонанда ку?

Бо гаронӣ нашр кардам сафҳа-сафҳа аз дилам
Шодию ранҷу азобамро, вале хонанда ку?

Нашр кардам дар нигоҳи зиндагонӣ бо умед
Лаҳзаҳои изтиробамро, вале хонанда ку?

Нашр кардам дар қадамҳои нигори нозанин
Ҳосили чашми пуробамро, вале хонанда ку?

Нашр кардам ҳар суруди рўдбори хешро,
Нолаи чангу рубобамро, вале хонанда ку?

Ҷой додам дар китоби тозанашри хештан
Номаҳои беҷавобамро, вале хонанда ку?

Нашр кардам бо ҳазорон орзуву ормон
Дафтари ашъори нобамро, вале хонанда ку?

Бо эҳтиром муаллиф: Кӯҳзод

8 - 2


Posted 1 year ago

ЗӮРӢ? БИЁ, ПАДАРРО БО МЕҲР САРВАРӢ КУН

(Ба як зумра гумроҳ)


Вақте дилат насӯзад бар гиряҳои модар,
Раҳме агар надорӣ бар нолаҳои хоҳар,
Ё худ ки душман астӣ, бар ёру бар бародар,
Вақте ки кина дорӣ бар ҳар азизи дигар,
Худро чӣ меҳисобӣ ғамхори халқу кишвар?

Вақте падар бихоҳад дидан рухи писарро,
Хоҳад, ки даст гирӣ ҳар лаҳзае падарро,
Аммо ту хор кардӣ он шахси муътабарро,
Зеро ки пайрав астӣ як тўда гову харро,
Сад ҳайфи заҳмате, ки баҳрат падар кашидаст.

Вақте падар ба ёдат ғамноку зору хаста,
Ҳар ҷо равад ба рӯяш дарҳои айш баста,
Аз дасти ту ягон дам аз ғуссаҳо нараста,
"Парвози ту баланд"-у парҳои ӯ шикаста,
Худро чӣ меҳисобӣ содиқ барои миллат?

Вақте ки модари ту дар бистари ҳалок аст,
Воқиф найӣ, ки қалбаш зардобу чок-чок аст,
Беэҳтиромии ту бисёр дарднок аст,
Бо ин хабисӣ, эй дун, ҷойи ту зери хок аст.
Рўзи хуше набинӣ, модар ризо набошад.

Вақте ки ҳамсарат шуд бо дигаре ҳамоғӯш,
Вақте ки аз хаёлаш гардидаӣ фаромӯш,
Дар хона кӯдаконат аз тарс лолу хомӯш,
Ҳастӣ даме, ки пинҳон дар ғор мисли харгўш,
Аз чӣ хароб гӯйӣ ояндаи Ватанро?

Хиште намондаӣ ту болои хишт ҳаргиз,
Дар умри худ накардӣ як дона кишт ҳаргиз,
Ҳарфи хуше нагуфтӣ ҷуз ҳарфи зишт ҳаргиз,
Мирӣ агар, набинӣ рўи биҳишт ҳаргиз,
Зеро биҳишт бошад дар зери пойи модар.

Гӯяд падар ба ҳасрат: - аз дурии ту доғам,
Модар ба дард гӯяд: - як бор кун суроғам,
Ҳамсар туро бигўяд ҳар лаҳза -деҳ ҷавобам,
Мирӣ зи баски рўзе дар мулки ғайр бо ғам,
То рӯзи ҳашр ҳастӣ шармандаи ду дунё.

Як рўз мешавӣ ту аз кори худ пушаймон,
Эй бехирад, зи кулли кирдори худ пушаймон,
Аз иштибоҳҳои бисёри худ пушаймон,
Аз ҳарфҳои фаҳшу такрори худ пушаймон,
Он лаҳза баччаи ту фарзанди дигарон аст.

Фарёд мезанӣ ту, азбаски дур ҳастӣ,
Таҳдид мекунӣ ту, гўё, ки зўр ҳастӣ,
Берун зи хоки Меҳан бо бахти шўр ҳастӣ,
Мо чорае надорем, зеро ту кўр ҳастӣ,
Ободии Ватанро дидан наметавонӣ.

Беҳуда метарошӣ бо ранҷ ҷисму ҷонат,
То ки ду се касофат хонанд қаҳрамонат,
Аммо ту зоча ҳастӣ дар дасти хоҷагонат,
Беҳуда мехарошӣ дилҳои волидонат,
Дур аз хаёли худ кун ин орзуи хомат!

Бар дини поки ислом гўё, ки ошиқ астӣ,
Бар васфу бар ситоиш гӯйӣ, ки лоиқ астӣ,
Бар миллату диёрат ғамхору содиқ астӣ,
Савганд бар Худо, лек каззобу фосиқ астӣ,
Мардум аз ин фиребат огоҳ то қиёмат!

Вақте ки шоҳи олам бошию модарат нест,
Ё сарвазири дунё бошию хоҳарат нест,
Бо салтанат биёӣ, бинӣ, бародарат нест,
Ойӣ, агар ки меҳри фарзанду ҳамсарат нест,
Беҳтар бувад, ки он рӯз мирӣ ту аз хиҷолат.

Сар то сари Ватанро обод карда, Сарвар,
Моро зи ҳар балое озод карда, Сарвар,
Сад тарҳи дигареро эҷод карда, Сарвар,
Уммеди хоинонро барбод карда, Сарвар,
Бовар надорӣ? Як рӯз ою ба чашми худ бин!

Зӯрӣ? Биё, падарро бо меҳр сарварӣ кун,
Модар, ки бе ту ғамдил, ою диловарӣ кун,
Бар хоҳарони танҳо боре бародарӣ кун,
Бар ҳамсарат, ки ҳар ҷо танҳост, ҳамсарӣ кун,
Худро чаро зи дурӣ чун шер меҳисобӣ?

07.10.2023

Кӯҳзод

10 - 3


Posted 1 year ago

Гумон

7 - 4


Posted 1 year ago

ШУКРОНА, КИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДОРЕМ

Кӯҳи Ватанам атри гули тар дорад,
Ҳар кўйи Ватан зиёи Модар дорад.
Шукрона кунам, ки Тоҷикистони азиз
Саркардаву Пешвою Сарвар дорад.

***
Эй Сарвари оқилу хирадманди Ватан,
Розӣ зи ту ҷумла халқи хурсанди Ватан.
Модар-Ватан аз лутфи ту хушрӯз бувад,
Зеро ки туӣ ҳамеша фарзанди Ватан.

***
Сарсабз ҳамеша Тоҷикистон бошад,
Ҳар кӯчаву паскӯча гулафшон бошад.
Ободии ин Меҳани зебову ҷавон
Бо меҳнати дасти Оли Раҳмон бошад.

***
Мо Сарвари неку бофазилат дорем,
Пушту панаҳе барои миллат дорем.
Шукрона, ки дар ҷаҳон сари мост баланд,
Шукрона, ки Пешвои миллат дорем.

Кӯҳзод

ҶАШНИ МУҚАДДАСИ 32 СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛ МУБОРАК БОД!

5 - 1


Posted 1 year ago

ИФТИХОРАТ БАРДУРӮҒ

Ошиқам гуфтию бешак ин шиорат бардурӯғ,
Ҳам заданҳои дили уммедворат бардурӯғ.

Гуфтиям, ҳар ҷо кунам бо номи некат ифтихор,
Муташаккир ҳастам, аммо ифтихорат бардурӯғ.

Гиря кардӣ пеши чашмам бо садои ҳой-ҳой,
Ашкҳои беҳисобу бешуморат бардурӯғ.

Чашм медӯзӣ ба чашмонам, ки то обам кунӣ,
Ҳар нигоҳи чашми масту пурхуморат бардурӯғ.

Ҳар нафас бо сад ҳавас лофи муҳаббат мезанӣ,
Ҳарфҳои дилпазиру меҳрборат бардурӯғ.

На фақат ишқат, нигоҳат, ҳарфҳои дилкашат,
Балки санҷидам, тамоми рӯзгорат бардурӯғ.

29.08.2023

Кӯҳзод

8 - 2


Posted 1 year ago

5 - 0


Posted 2 years ago

70 СОЛАГӢ МУБОРАК БОД, МУҲТАРАМ ПЕШВОИ МУЗЗАМИ МИЛЛАТ!

0 - 0