Channel Avatar

SAHM Team @UCTTwxbb1istAJ3DOZbK8oFg@youtube.com

16K subscribers - no pronouns :c

Дорогой гость! Уважаемый подписчик канала! Приветствуем ТЕБЯ


Welcoem to posts!!

in the future - u will be able to do some more stuff here,,,!! like pat catgirl- i mean um yeah... for now u can only see others's posts :c

SAHM Team
Posted 1 year ago

Барномаи нав барои ДОНИШҶӮЁН. Ҳатман тамошо кун. Дар охири навор СЮРПРИЗ ҳаст

3 - 0

SAHM Team
Posted 1 year ago

РӮЗАВУ ДУОҲОИ ШУМО ҚАБУЛИ ДАРГОҲИ ПАРВАРДИГОР БОШАД. ИДИ НАВ МУБОРАК! ☺️☺️☺️

38 - 20

SAHM Team
Posted 1 year ago

Дӯсти азиз!

Фарорасии моҳи шарифи Рамазон бароят муборак бошад. Бахшида ба Рамазон дили якчанд нафарро шод кардем. Наворҳои нав ба навро аз канали САҲМ ТИМ интизор бош. Бори дигар хотиррасон мекунам, ки канали САҲМ ТИМ канали хайриявӣ нест. Мо ба касе хайр ё садақа намедиҳем. Тӯҳфа мекунем. Канали мо тарбиявист, ба ин маъно ки корҳое, ки САҲМ ТИМ анҷом медиҳад, барои дигарон ибрат шавад ва хубӣ дар ҷомеа паҳн гардад. Барои корҳое, ки анҷом медиҳем, аз касе пул нагирифтем ва гирифтанӣ нестем. Ҳамааш аз ҳисоби худамон. Ҳадаф ва мақсади ниҳоӣ - ибрат. Умедворам моро дуруст дарк карда, дастгирӣ мекунӣ. Лайку коммент аз шумо, хурсанд намудан аз мо. Бори дигар моҳи шарифи Рамазон ба ҳамаи азизон муборак бошад.

Бо салому эҳтирому сипос,

САҲМ ТИМИ ШУМО

56 - 9

SAHM Team
Posted 1 year ago

Барои ҳавасманд кардани обуначиҳо ё подписчикҳои канали SAHM TEAM чӣ хел аст, ки озмуни ЗЕБОТАРИН КОММЕНТАРИЯ эълон кунем ва ҳар моҳ аз байни комментарияҳое, ки шумо менависед, як ё ду комментарияро интихоб карда, ба нафароне, ки дар зери видеоҳои мо комментарияҳои зебо менависанд, 500 то 1000 - сомонӣ тӯҳфа кунем?

19 - 25

SAHM Team
Posted 1 year ago

Салом, ҳамватанони азиз. Агар хоҳиши ширкат дар барномаҳои САҲМ ТИМ - ро доред, ё нафареро мешиносед, ки қиссаи зиндагиаш барои дигарон ибратбахш буда метавонад, зиндагиномаи ӯро бо ишораи суроғаву рақами тамоси шахсии нафари мавриди назар ба ҷимейли созандаи гурӯҳ фиристед. Муҳим нест, ки он нафар дар Тоҷикистон аст ё дар Русия. Лутфан, ҳар касе, ки нияти холис дорад, нависад. Ба ин ҷимейл 👇

saidislomzodam@gmail.com

Бо салому эҳтироми зиёд,

Саҳм Тим

9 - 2

SAHM Team
Posted 1 year ago

Поднимаем настроение мигрантам. Смотрим новое видео на канале SAHM TEAM и не забываем ставить лайки. Мы вам хорошее настроение, вы нам поощрение ❤️

4 - 0

SAHM Team
Posted 1 year ago

Новый ролик на канале. Смотрим, подписываемся и повторяем за нами ❤️

1 - 0

SAHM Team
Posted 1 year ago

Новый ролик на канале опубликован. Заходим, смотрим, не забываем ставить лайки и делиться нашими видео со своими знакомыми и друзьями. ВСЕМ СПАСИБО ЗА ПОДДЕРЖКУ. Чтобы мы продолжали радовать вас и случайных людей, вам надо всего лишь лайкать наши публикации и по возможности оставлять хорошие отзывы.
https://youtu.be/nWCYOSFPqow

2 - 0

SAHM Team
Posted 1 year ago

Бо дархости модаре, ки гирифтори бемории саратон буданд, навори кӯмак пурсиданашонро дар канал нашр карда будам. Хабари маргашон расид. Ду фарзанди хурдсоли апаи Курбончон ятим монданд. Дуогӯи марҳум бошед. Дунё гузарон аст. Нисбат ба якдигар меҳрубон бошед

9 - 2

SAHM Team
Posted 2 years ago

Ёди азамати Худо туро аз чанголи худхоҳӣ ва такаббур раҳо мекунад. Ёди раҳмати Худо қалби туро раҳиму ҳалим месозад. Агар худро худодор ва худогоҳ мегирӣ, вале худнамоӣ мекунӣ, бидон, ки на худро шинохтаӣ ва на Худое дорӣ. Номи Худо барои баъзеҳо бозича шудааст. Дар фикри фиреб, рӯйрост ба номи Худо қасам мехӯранд. Барои ҳар масъалаи ночиз, фоидаи беаҳамият аз номи Худо сӯиистифода мекунанд. Аз пайи шӯҳрат медаванд ва номи Худоро парчами ҳавасҳои дунявӣ қарор медиҳанд. Ба чашми мардум хок мепошанд, ба номи Худо хок мепошанд, то обро лой карда, чанд моҳича бигиранд. Дар хилват чӣ корҳое, ки намекунанд ва дар ошкоро дар сарзаниши гуноҳи дигарон бо наъраи худ гӯши фалакро кар месозанд. Бинобарин хуб мешавад, ки аз пайи ислоҳи худ аз барои Худо бошем. Ин ид иди нафаронест, ки зери сояи Парвардигори зулҷалол хиҷолат мекашанд, ки бо такаббур роҳ раванд ва аз фахрфурушӣ ба бандаҳои Худо метарсанд. Иди нафаронест, ки фирефтаи дастоварди дунявӣ намешаванд ва зери бори меҳнат намешикананд. Чаро? Чун таваккал ба Худо доранд. Муъминон дар ҳар як сухан ва ҳар қадам амонатдоранд. Ба баҳонаи нигаронӣ, доду фиғон намекашанд. Дар ҳар ҳолат ороманд. Чаро? Чун ба салтанату адолати Худо имони мустаҳкам доранд. Ин ид иди дӯстдорони воқеии зоти Ҳақ, иди худогоҳони хушрӯ ва хушхӯст. Ҳар касе иқбол дорад, қалби нарму ҳарфи нарму чеҳра нарму ҳам қадамҳош нарми нарм аст. Иди Қурбон ба ҳамаи онҳое, ки имрӯзро ид медонанд, муборак бод!

43 - 4